Formula novemver 2024
Дар Суғд филиали Донишгоҳи славянӣ кушода мешавад
639

Қарор аст, дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон филиали Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) ифтитоҳ шавад. Дар ин бора ба ТАСС бо истикод вазири илм ва таҳсилоти олии Русия Валерий Фалков дар ҳошияи нишасти густурдаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Русия хабар дод.
«Мо масъалаи таърихи ифтитоҳи филиали ДСТР дар яке аз минтақаҳои Тоҷикистон, яъне дар вилояти Суғдро баррасӣ мекунем, зеро дар ин бора дархост ҳаст», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазорати маориф ва илми Русия, ҳарду ҷониб, аз ҷумла худи минтақа ба ин таваҷҷуҳи худро зоҳир мекунанд ва бояд як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ташкилӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гиранд, то таъсиси ин муассисаи таълимӣ ҷараён гирад.
Фалков афзуд, Русия ҳамчунин аз нигоҳи моддию техникӣ бахшҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ва ҳамчунин як мактаби назди ДСТР-ро дастгирӣ хоҳад кард. "Мо идеяи таҳкими филиалҳои донишгоҳҳои Русияро, ки аллакай кушодаанд, аз нигоҳи заминаи моддию техникӣ, аз ҷумла таҷҳизоти таълимӣ ва лабораторӣ баррасӣ мекунем", — гуфт вазир. Вай гуфт, ки масъалаи дар оянда ба бинои дигар кӯчонидани яке аз филиалҳои донишгоҳҳо ва васеъ намудани номгӯи ихтисосҳо ва самтҳои таълимӣ дар онҳо низ баррасӣ мешавад.
Ба гуфтаи Фалков, масъалаи фароҳам овардани шароити мусоидтар барои мактаби таҳсилоти умумӣ, ки яке аз воҳидҳои сохтории ДСТР аст, низ бояд ҳал карда шавад. «Ва ин масъала яке аз масъалаҳои асосӣ аст, мо мехоҳем, ки ин мактабро на танҳо нигоҳ дорем, балки барои хонандагон қулайтар гардонем», - таъкид кард Фалков ва афзуд, ки мактаб яке аз аввалин мактабҳои русӣ дар ҷумҳурӣ кушода шудааст. "Ҳоло дар Тоҷикистон панҷ мактаби нав ифтитоҳ шудааст", - таъкид кард ӯ.
Дар Тоҷикистон ба ҷуз ДСТР, филиалҳои се донишгоҳи пешбари Маскав – Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии “МИСИС” ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии “MPEI” фаъолият мекунанд. Россотрудничество ҳар сол барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия квота ҷудо мекунад. Дар маҷмӯъ ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.
Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия, ки моҳи апрели соли 2019 ба имзо расида буд, панҷ мактаб бо таълим ба забони русӣ сохта шуд. Маросими ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ тариқи видеоконфронс бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин 1 сентябри соли 2022 баргузор шуд. Ин мактабҳо барои 1200 хонанда пешбинӣ шуда, ба номи шахсиятҳои барҷастаи Русия гузошта шудаанд. Мактаб дар шаҳри Бохтар ба номи Михаил Ломоносов, дар Хуҷанд - Антон Чехов, дар Турсунзода - Дмитрий Менделеев, дар Кӯлоб - Константин Ушинский ном дорад.
Фаррух Усмонов

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД