Бо ташаббуси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд аксияи умумии тозагӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, мақсад аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист мебошад.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Марказ, инчунин кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва намояндагони дигар соҳаҳо иштирок намуда, соҳили Сирдарё аз партовҳо тозаву озода гардидааст.
- Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд минбаъд низ чунин иқдомҳоро идома дода, баҳри тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарёи Сир чораҷӯӣ менамояд. Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки барои покизагии муҳити зист саҳмгузор бошанд,- меафзояд манбаъ.