Formula novemver 2024
Дар Суғд 2 мард дар зери девори бетонӣ ҷон доданд
980


Дар Вилояти Суғд 2 марди меҳнаткаш, ки бо корҳои сохтмонӣ машғул будаанд, дар зери девори бетонӣ монда, ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар додааст.

Ин ҳодисиа нохуш шоми 31-октябр, соатҳои 18.00 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯй дода, ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар як бинои кӯҳна, ки пештар ба ҷамъияти саҳомии “Асъор” тааллуқ дошт, девори бетонӣ ба рӯйи ин 2 нафар ҷабрдидагон чаппа шудааст.
Наҷотдиҳандагон фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар гашта бошанд ҳам, зиндаву саломат наҷот додани ҷабрдидагон ба онҳо муяссар нагашт. Онҳо ҷисми бе ҷони ин ду марди меҳнаткашро бо азобҳои зиёд аз зери шикастапораҳои девор берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ёдрас мешавем, ки пештар ҷамъияти саҳомии “Асъор” бо истеҳсоли равған машғул буд ва бинои мазкур дар деҳаи Патар воқеъ гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД