arzon replenishment
Дар Суғд 2 000 000 сомониро сӯзониданд
890

 

Барои зебо нигоҳ доштани пӯсти рӯй аз ҳар гуна маводи ороишӣ, аз қабилӣ, малҳамҳо, пудраю дигар маводи ороишӣ бонунвон истифода мебаранд.

Дар бештари маврид харидорон ба нарх ва хушбӯиаш аҳамият медиҳему ба муҳлати истифодабарии он диқати ҷиддӣ намедиҳем. Ҳамеша кӯшиш мекунем, ки чунин маводҳо ҳаҷман калон бошанду нархи арзон дошта бошанд. Аз ин сабаб соҳибкорони мо ҳам ба талаботи шаҳрвандонамон мувофиқ маҳсулотро ба бозор ворид мекунанд, ки аксарашон сифати паст доранду бо тамғаҳои сохта ва молҳои муҳлаташ гузаштаро бо муҳлатҳои наву сохта ба мизоҷон пешниҳод мекунанд.

Кормандони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, давоми шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ, ҳангоми гузаронидани санҷишҳо 209-номгўйи маҳсулот ба миқдори 1313-адад маводҳои доруворӣ ва ороишию гигиении мўҳлати истифодабариашон гузашта, 577-адад маводҳои доруворӣ, ороишию гигиении бесертификати мутобиқати сифат дарёфт гардида, тибқи санад аз муомилот гирифта шуда, аз тарафи мутахассисони ин ниҳод дар партовгоҳҳои ноҳияи Б.Ғафуров бо таври сўзонидан нобуд карда шуд, ки ҳаҷми умумии маводҳои нобудгардида, тақрибан 2 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин номбурда қайд кард, яке аз сабабҳои зиёд ошкор шудани маҳсулоти муҳлати истифодаашон гузашта ва пастсифат, муроҷиати худи роҳбарони ширкатҳои доруворӣ аст, ки баъди гузаштани муҳлати истифодаи маҳсулот бо ариза муроҷиат мекунанд ва аз трафи кормандони мо сӯзонда нобуд карда мешавад.

Маҳсулоти доруворию ороиши ба вилояти Суғд аз кишварҳои Ӯзбекистон, Покистон, Ҳиндустон, Тукиё, Руссия ва Украина ворид карда мешавад.

Баҳси паст будани сифати маҳсулоти доруворӣ ва ороишӣ яке аз мавзӯъҳои доғ маҳсуб ёфта, зуд-зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси доманадореро ба миён меорад. Мардум аз баланд будани нарх ва паст будани сифати он норозии худро нашр карда, аз масъулин талаб мекунанд, ки нисбати соҳибкорон чораҷӯи карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД