35 years of independency
Дар Спитамен беш аз 460 ҳазор маводи тарфгарӣ мусодира шуд
19.11.2026
Оила
84

Дар Спитамен беш аз 460 ҳазор маводи пиротехникӣ  мусодира шуд

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Спитамен сокини 35-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир кардаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, Эргашбоев Назир 29-уми октябри соли ҷорӣ аз шаҳрвандони яке аз кишварҳои ҳамсоя 986 қуттии калони маводи тарфгарии тамғаи «Trenia X»-ро ба маблағи 24 ҳазору 650 сомонӣ харидорӣ карда, бо мақсади фурӯш пинҳонӣ ба Тоҷикистон ворид намудааст.

Гуфта мешавад, ки дар дохили қуттиҳо 463 ҳазору 420 адад маводи тарфгарӣ мавҷуд буда, онҳо дар ҳолати коршоямӣ қарор доштанд.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати гумонбар бо моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД