Дар соли 2024 дар Федератсияи Россия ба занҳо барои ба дунё овардани кӯдак як миллион рубл медиҳанд.
Албатта зан ин маблағро пас аз таваллуд кардани фарзанд якбора гирифта наметавонад, вале онро дар шакли имтиёзҳои гуногун қисм-қисм гирифтан мумкин аст.
Занҳо барои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд ба гирифтани кӯмакпулӣ (Пособие) дар ҳаҷми то 565000 рубл ҳуқуқ доранд.
Баробари ба дунё омадани тифл ба модар барои таваллуд кардани фарзанд 22000 рубл тӯҳфа дода мешавад.
Ба модар барои нигоҳубин кӯдак то якунимсолагии фарзандаш ҳар моҳ то 49000 рубли русӣ медиҳанд.
Ҳамин тавр дар маҷмӯъ барои таваллуди кӯдак занҳо дар Федератсияи Россия то як миллиону 469 ҳазор рубл гирифта метавонанд.
Ёдрас мешавем, ки дар Федератсияи Россия ба занҳо барои таваллуди кӯдак ҳамчунин сармояи модарона-“Материнский капитал” дода мешавад.
Тавре ки Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Россия Антон Котяков дар сӯҳбат ба “Коммерсант” гуфтааст, дар соли 2024 занҳо барои таваллуди фарзанди якумашон 631 ҳазор рулб ва барои фарзанди дуюм дар ҳаҷми 834 ҳазор рубл “Материский капитал” хоҳанд гирифт.
Ёдрас мешавем, ки қаблан муҳоҷирони меҳнатӣ низ баъди гирифтани шаҳрвандии Россия (душаҳрвандӣ) барои фарзандони ноболиғашон, ки дар кишвари дигар ба дунё омадаанд ”Материнский капитал” мегирифтанд, вале мувофиқи қонуни наве, ки дар арафаи соли нави мелодӣ дар Россия ба тавсиб расид, минбаъд “Материнский капитал” танҳо ба шахсоне дода мешавад, ки шаҳрвандии Россияро доранд ва фарзандашон низ дар Россия ба дунё омада, шаҳрванди ин кишвар ба ҳисоб меравад.
Занҳои муҳоҷире, ки аллакай шаҳрвандии Россияро ба даст овардаанд ё ҳомиладоранд ва қабл аз таваллуд шудани фарзандашон соҳиби шаҳрвандии Федератсияи Россия мегарданд, дар соли 2024 барои таваллуд кардани кӯдак зиёда аз як миллион рубл гирифтанашон имкон дорад.