Дар рубрикаи “Иродаи зан” таҳти унвони “Чаро Шамъигул дар 50-солагӣ ронанда шуд?” аз пайроҳаи зиндагӣ ва фаъолияти кории ронандаи автобуси 25 Шамъигул Зоирова мавод дарҷ гардидааст.
Сарлавҳаи рубрикаи “Зан ва мард” таҳти унвони “Арӯси сафедак мехоҳед ё сабзина?” фикру ақидаи бонувонро оиди мушкилоти хонаводагии арӯсҳое, ки баъди оиладоршавӣ ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда наметавонанду мавриди ҷабру зулми пайвандони шавҳар қарор мегиранд, баён менамояд.
“Ашки зани миллионер” сарнавишти марде аст, ки дар муҳоҷират меҳнати ҳалол карда, мавриди таваҷҷуҳи як хонуми сарватманди рус қарор мегирад. Зани пулдор ба ин муҳоҷир, ки оиладор ва соҳиби фарзанд аст, изҳори муҳаббат мекунад, вале Раҳмон ишқашро қабул накарда, аз хонааш меравад.
Дар рубрикаи “Адвокати “Оила” ба саволҳои хонандагони ҳафтаномаи “Оила” адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат занг занед.
Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” ба саволҳои нафароне, ки дар қаламрави Русия қарор доранду барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ба куҷо рафтану ба кӣ муроҷиат кардани худро намедонанд ва ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, аз ҷониби мутахассисон посухро мутолиа намоед. Ҳафтаи равон ба номаи як муҳоҷири тоҷик таҳти унвони “Барои мактабҳои Русия кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?” посухро мутолиа намоед.
“Таҳқири қисмат” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки дар саҳифаи шашуми ҳафтанома дарҷ гардидааст. Қисса воқеӣ буда, барои зану мардони оиладор ибратомӯз аст ва ҳушдор месозад, ки оила макони муқаддас асту онро пок нигаҳ бояд дошт.
Дар “Ошхонаи “Оила” сароянда ва бонуи хеле зебо Парвона Тоҷиддин барои мухлисони худ оши як ба як омода месозад.
Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи эҷодии сеҳргари шинохта Мақсуд Додоҷонов маълумоти аҷибро мутолиа намоед.
Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” тақвими намоз барои моҳи феврал ва ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посухи намояндагони динро аз ҷониби Шӯрои уламои кишвар мутолиа намоед.
Дар рубрикаи хобнома ба саволи “Хонаи нав дар хоб”, “Фаришта дар хоб чӣ таъбир дорад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.
Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” аз зиндагӣ ва фаъолияти шахсии блогери ҷавон Лутфулло Ҳисориев мусоҳибаро мутолиа намоед.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!