goodwell
Дар шоҳроҳи Бохтар-Душанбе модару духтар дар садамаи нақлиётӣ фавтидаанд
28.04.2026
Oila.tj
33

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон аз рух додани як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Бохтар-Душанбе хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВМВ-520”, рақами қайди давлатиаш 0202 ОU 20 Мирзозода Амонуллоҳ Холмурод, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи А. Ҷомӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи А. Ҷомӣ ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариён, деҳаи Навободи ноҳияи Кӯшониён бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисмати пеши автомобилаш пиёдагардон Раҳимқулова Шарофат Сафаровна, соли таваллудаш 1956 ва Раҳимқулова Нуринисо Тиллововна, соли таваллудаш 1988, сокинони ҷамоати шаҳраки Бохтариён, деҳаи Навободи ноҳияи Кӯшониёнро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагардон Раҳимқулова Ш. С ва Раҳимқулова Н. Т. ба саломатиашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронанда Мирзозода А. Х. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бо дастрасии моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ дар Шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД-и вилояти Хатлон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД