Дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” аз ҷониби табибони тоҷик ва дар ҳамкорӣ бо мутахассисон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти табобати бемориҳои рагҳои мағзи сар боз як амалиёти душвори ҷарроҳӣ бомуваффақият ба анҷом расонида шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ба бемор - марди 66 сола, ки бо ташхиси аневризмаи артерияи хоби даруна сегменти кавернозӣ дар муассисаи мазкур бистарӣ гардида буд, бо усули эндовескулярӣ стентгузорӣ анҷом дода шуд.
Ба гуфтаи Субҳониддин Баҳодуров, табиби ҷарроҳи бемориҳои мағзи сари Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, ки амалиёти ҷарроҳии мазкурро якҷо бо ҳамкасбони хеш аз Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронидааст, ба чунин беморон ҷарроҳии боз гузаронида намешавад ва роҳи табобати онҳо танҳо гузоштани стент мебошад.
Ин мутахассиси соҳа иброз медорад, ки аневризмаи сегменти каверозии артерияи хоби даруна дар бемор аломатҳои дардҳои шадид дар қисми чашм ва рӯй ба вуҷуд меорад. Агар ин аневризм бикафад, дар бемор ташхиси каверози саустия иваз мешавад, ки бемор дарди чашм, нобиноӣ, сурхшавӣ ва берун баромадани чашро эҳсос мекунад.
- Аз сабабе, ки қабл аз кафидани ин аневризма бемор ба мо муроҷиат кард, ба ӯ стентгузорӣ анҷом додем, ки роҳи кафидани аневризма гирифта шуд. Ҳолати бемор пас аз амалиёти ҷарроҳӣ хуб мебошад,- гуфтааст Субҳониддин Баҳодуров.
- Ёдовар мешавем, ки Субҳониддин Баҳодуров, табиби ҷарроҳи бемориҳои мағзи сари Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”, ки амалиёти ҷарроҳии мазкурро бо ҳамкорони хеш гузаронидааст, дар самти омӯхтани ҷарроҳиҳо дар риштаи мағзи сар давоми якуним сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аз такмили ихтисос гузашта, донишу малака ва таҷрибаи хешро баланд бардоштааст,- меафзояд манбаъ.