Дар Шаҳритус рӯзи 14-уми майи соли равон ду кӯдаки ноболиғ, ки ҳарду бародар буда, яке дар синфи 3 ва дигарӣ дар синфи 5 таҳсил мекардааст, барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта, бо ҳамин дигар ба хона барнагаштаанд.
Сокинони деҳа ва нозирони маҳаллӣ муддати шаш шабонарӯз онҳоро ҷустуҷӯ карда, ниҳоят дирӯз, 20-уми май ҷасади ҳардуро аз як ғор пайдо кардаанд. Дар ин бора Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи шахсиаш дар “Инстаграм” хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҷанозаи ин ду кӯдаки ғӯррамарг шоми дирӯз баргузор гаштааст.
Дар робита бо ин ҳодиса, аз кулли падару модарон хоҳиш мекунем, ки фарзандони хурдсоли худро танҳо ва беназорат нагузоранд. Махсусан дар ин шабу рӯзҳои баҳорӣ, ки ҳаво тез-тез тағйир ёфта, боришоти шадид сар мезанад, аз мадди назари калонсолон дур мондани кӯдакон ва наврасон хатарнок буда, боиси сар задани ҳар гуна ҳолатҳои нохуш гашта метавонад.