Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як зани 41-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон барои ташкил крадани фоҳишахона, даллагӣ ва занҷаллобӣ хабар додааст.
Ин зан қаблан, соли 2014 бо қисми 1-и моддаи 239и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда бошад ҳам, ба ҷойи дар мабҳас сар ба ҷайби андеша кашида, хатои худро дарк намудан ва ислоҳ шудан, баъди ба озодӣ баромадан боз аъмоли ҷиноиро идома дода, ба ташкил кардани фоҳишахона машғул шудааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки гумонбаршаванда аз 3-юми январи соли 2023 то 16-уми декабри соли 2023, хонаи истиқоматии як марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳияро ба иҷора гирифта, манзили иҷораашро ба макони айшу ишрат табдил додааст ва барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 34 ва зани 46-солаи сокинони ноҳияи Шаҳристон шароит муҳайё кардааст. Зани далла бар ивази ин амали номатлубаш 600 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Айни замон аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.