Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода дар 1,3 гектар ниҳолхона ташкил намудаанд.
Бино ба иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода, айни замон дар ин ниҳолхона 12 ҳазору 600 бех наврустаҳои дарахтони сӯзанбарг, чинор, сарвиноз, қарағоч ва павлония парвариш меёбанд.
Дар ин ниҳолхона имсол барои зебогардонии кӯчаҳои шаҳр ва ташкил намудани гулгаштҳо зиёда аз 40 ҳазор бех қаламчаи гулҳои гуногуни садбарг шинонида шудаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, соли 2026 дар шаҳри Турсунзода бояд 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида мешуд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр то имрӯз беш аз 24 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст. Аз ин шумора 5808 бех ниҳоли мевадиҳанда, 9193 бех ниҳоли сояафкан, 3457 бех ниҳоли ороишӣ, 5100 бех ниҳоли тут ва 710 бех ниҳоли павлония мебошанд.
Ҳикматилло САНГИНОВ