Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар доираи гранти давлатӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб сохтмони мағозаи давлатии фурӯши маҳсулоти ширию гӯштӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло корҳои бунёдсозӣ идома доранд.
Дар ин нуқта дастгоҳҳои дар ҳолати хуби истеъмолӣ нигоҳ доштани маҳсулот таъмин шуда, сокинон метавонанд ба маҳсулоти тару тоза дастрасӣ пайдо намоянд.
Дар ин мағоза тариқи шартнома қабули маҳсулоти ширию гӯштӣ аз ҷониби шахсони алоҳида низ ба роҳ монда мешавад.
Тавре иттилоъ доданд, сохтмони бинои мазкур дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳр идома дорад. Бино бо маблағҳои гранти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо Раёсати кишоварзӣ ва бо конструксияи сабук сохта мешавад. Баъди анҷоми сохтмон он ба тавозуни мақомоти маҳаллӣ гузошта мешавад.
Мағоза ба нуқтаҳои аҳолинишин зич буда, барои дастрасии саривақтии маҳсулоти ширию гӯштӣ барои сокинон мусоид аст. Дар доираи гранти мазкур барои дар ҳолати хуби истеъмолӣ нигоҳ доштани маҳсулот дастгоҳҳои зарурӣ таъмин мегарданд.
Бунёди чунин иншоот имкон медиҳад, ки савдои кӯчагии маҳсулоти ширию гӯштӣ то андозае ба танзим дароварда шавад. Занҳое, ки қаблан дар кӯчаҳо ба фурӯши шир машғул буданд ва дигар хоҷагидорон метавонанд маҳсулоти худро ба ин мағоза фурӯшанд. Маҳсулоти ин нуқта нисбат ба мағозаҳои хусусӣ арзон фурӯхта хоҳад шуд.