Дар шаҳри Клини Федератсияи Русия вохӯрии масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ, ки фаъолияти меҳнатӣ намуда истодаанд, баргузор гардид.
Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират дар саҳифаи фейсбукии худ иттилоъ дода, афзуд, ки вохӯрӣ дар ширкати “Алексеевский Карйер” баргузор гардида, ба муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар, дарёфти ҷойи кори муносиб, риояи талаботҳои бехатарӣ дар истеҳсолот, танзими ҳуҷҷатҳои будубош, риояи қонунгузории кишвари иқомат машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ дода шудааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар корхонаи мазкур зиёда аз 70 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ дошта, корхона ба масъалаи дуруст будани ҳуҷҷатҳои будубоши кормандон, риояи меъёрҳои Кодекси меҳнати Русия ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, фароҳам овардани шароит ва фазои хуби корӣ барои кормандон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 30-юми декабри соли 2024, №1126 қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ, ки мушкилот дар самти таҳияи ҳуҷҷатҳои муваққатӣ дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ доранд, то 30-юми апрели соли 2025 идома дорад. Дар робита ба ин тавсия дода шудааст, ки муҳоҷироне, ки вобаста ба ин масъала огоҳӣ надоранд, ба онҳо ин маълумот расонида шавад.
Инчунин дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба мушкилоти муҳоҷиратӣ, тағийрот дар самти қонунгузории кишвари иқомат саволҳо дода шуда, ба онҳо масъулини Намояндагӣ посухҳои мушаххас гардонидаанд.