Дар шаҳри Душанбе як духтари 16-сола гум шудааст. Тибқи эълонҳои дар шабакаи “Инстаграм” паҳнгашта Додова Миҷгона Хайриддинова, санаи таваллудаш 20-уми июни соли 2010, рӯзи 5-уми июни соли равон тахминан соатҳои 15:00 ба мағоза рафта, бо ҳамин дигар ба хона барнагаштааст.
Аз шахсоне, ки ин духтаракро дар ҷое дидаанд ё дар борааш маълумоте доранд, хоҳиш карда мешавад, ба рақамҳои 022-19-89-89 занг зада, ба наздиконаш хабар диҳанд.