35 years of independency
Дар шаҳри Душанбе низоми пардохти электронии роҳкиро муаррифӣ шуд
12.08.2026
Oila.tj
126

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятии Душанбе муаррифӣ гардид.

Чорабинии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Фарҳод Восидиён баргузор шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ҷорӣ намудани низоми пардохти электронӣ таъмини шаффофият дар фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, гузариш ба иқтисоди рақамӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад.

Дар ҷараёни чорабинӣ роҳбари лоиҳаи «Корти шаҳрӣ» Садриддин Зиёваддинов тарзи фаъолияти низоми пардохти электронӣ ва назорати роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятиро муаррифӣ кардааст.

Ҳамчунин, ба кормандони дастгоҳи марказии вазорат оид ба истифодаи кортҳои нақлиётӣ ва афзалиятҳои пардохти электронии роҳкиро маълумоти зарурӣ пешниҳод шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД