arzon replenishment
Дар шаҳри Душанбе Конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ баргузор мегардад
151

Моҳи августи соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Конгресси байналмилалии ҷарроҳӣ баргузор хоҳад гашт. Ин тасмим зимни Конгресси ХIХ байналмилалӣ оид ба ҷарроҳӣ, ки дар пойтахти Эрон - шаҳри Теҳрон баргузор гашт, гирифта шудааст.

Дар конгресс вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба таври онлайн ширкат варзида, баргузории чунин чорабиниро имкони хуб барои табодули таҷриба ва вусъати ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тиб номидааст.

Зимни конгресс дар Эрон масаъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ, аз қабили ҷарроҳии лапароскопӣ, онкологии колоректалӣ, саратони меъдаю рӯда, ғадуди зери маъда, касалиҳои ҷигар, касалиҳои урологӣ, бемориҳои занона ва ғадудҳои ширӣ, ҳамчунин бемориҳои кӯдакона мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД