Commerc banl
Дар шаҳри Душанбе Фестивали “Сайри гули лола” баргузор мегардад
26.02.2026
Оила
87

Дар шаҳри Душанбе Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор мегардад.

Даври якуми фестивал дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳрак то 18 март ва даври дуюм дар сатҳи ноҳия, шаҳр ва вилоят то 25 март ҷамъбаст баргузор гашта, комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ то 1 апрел ғолибонро дар асоси санад, протокол, навори видеоӣ, албом бо маълумотнома ба комиссияи ҷумҳуриявии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

Баргузории даври сеюми фестивал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маросими мукофотондани ғолибони он 25 апрел дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Ғолибони фестивал аз рӯйи номинатсияҳои гулпарвар, гулгашт ва хиёбон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, деҳа, маҳалла, ҷамоати деҳот, ҷамоати шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилояти беҳтарин муайян карда мешаванд.

Меъёрҳои муайян намудани ғолибони Фестивали гулҳо мувофиқи нишондодҳои низомнома шумораи гулзор, аз ҷумла гули лола, интихоби композитсия ва дизайни ҷолиб, сифати корҳои иҷрошуда, симо ва сифати роҳравҳои мавҷуда, будани ҷойҳои нишаст, ҳолати ободонӣ ва нигоҳубин, таъминот бо оби полезиро дар бар мегиранд.

Фестивали «Сайри гули лола» аз соли 2019 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ баргузор мегардад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД