Рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ дар майдони шаршараи назди “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт дар доираи омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва бо ҳузури иштирокдорони он шоми фарҳангӣ таҳти унвони “Нидои лозур” дар сатҳи баланди омодагӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар намоишгоҳи муҳташам имкониятҳои бойи табииву экологӣ, обҳои шифобахшу мусаффо, кӯлу чашмаҳои нодири Ватан, захираҳои арзишманди оби тоза аз ҳисоби пиряхҳо ва дар маҷмуъ табиати ғановатманди Тоҷикистон муаррифӣ карда шуда, гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ низ бо муаррифии санъати волои ҳунармандони кишварамон хотири меҳмононро шод гардониданд.
Қобил ба ёдоварист, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 2500 нафар аз беш аз 80 давлати дунё ба қайд гирифта шудаанд.