Ният дорам, ки рӯзҳои истироҳат гӯри падарамро зиёрат кунам, вале намедонам, ки дар сари қабр кадом дуоҳоро хондан лозим.
Илтимос дар бораи одоби зиёрати қабристон каме маълумот диҳед.
Зиёратшо, н. Варзоб.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Зиёрати қубур барои панду ибрат гирифтан ва ба ёд овардани охират машрӯъ аст, ба шарте, ки суханоне, ки муҷиби хашми Парвардигор аст, ба забон наорад, ба монанди дуо талабидан аз мадфун (яъне дархостҳои худро аз мурдае, ки дар қабр аст, пурсидан), ба ҷои Аллоҳтаъоло аз ӯ ёрӣ талабидан, ӯро мадҳу ситоиш намудан, бо боварии комил ӯро ҷаннатӣ гуфтан ва ба монанди ин. Аз ҷумлаи дуоҳое, ки дар қабристон хонда мешавад, ин аст: "Ассалому алайкум аҳла-д-диёримина-л-муъмининава-л-муслимина ва инно иншoаллоҳу бикумлоҳиқун. Асъалуллоҳалановалакуму-л-ъофия". (Салом бар шумо, эй мӯъминону мусулмонони ин диёр ва иншоаллоҳ (агар Аллоҳ бихоҳад) мо ҳам ба шyмo мепайвандем. Аз Аллоҳ таъоло барои мову шумо офият металабам). Бардоштани дастҳо дар ҳангоми дуо ҷоиз аст, зеро Оиша (р) гуфтааст: Шабе расулуллоҳ (с) берун рафт, то бубинад, ки ӯ ба куҷо рафтааст. Гуфт: Ӯ ба сӯи Бақеъу-л-ғарқад рафт ва дар поёни Бақеъ истод ва дастони худро баланд кард, сипас баргашт. Ба наздам баргашта, (чизҳои дидаашро) ба ман хабар дод. Чун субҳ шуд, ба ӯ гуфтам: Эй расулуллоҳ! Шаби гузашта куҷо рафтӣ? Фармуд: «Ман ба сӯи аҳли Бақеъ фиристода шудам, то барои онон дуо кунам». Вале зиёраткунанда дар ҳангоми дуо рӯяшро ба сӯи қабрҳо намекунад, балки ба самти Каъба менамояд, зеро паёмбар (с) аз намоз гузоштан ба сӯи қабрҳо манъ намудааст.