Дар ноҳияи Сангвор 5 нафар сокини маҳаллӣ бо гумони тамаъҷӯӣ ва талаб кардани 100 ҳазор сомонӣ дастгир шудаанд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳодиса шаби 19-уми сентябри соли 2026 рух додааст. Гумонбарон ба назди хонаи ҷавонзани 24-сола омада, суҳбати ӯро бо ҷавони 26-сола пинҳонӣ сабт кардаанд. Онҳо бо таҳдид талаб кардаанд, ки барои паҳн накардани наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба онҳо 100 ҳазор сомонӣ пардохт шавад. Ҳамзамон, мотосикли ба ҷавон тааллуқдоштаро гирифта, гуфтаанд, ки пас аз гирифтани маблағ онро бармегардонанд.
Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамаи 5 гумонбар дастгир шудаанд. Нисбати онҳо бо моддаи марбут ба тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Мақомоти тафтишотӣ ҳолатҳои қазияро таҳқиқ доранд.