Имрӯз, 31 октябр, дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи "Татбиқи Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоикистон барои солҳои 2021-2025” бо иштироки роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню-Йорк (UNEP) Ҷамил Аҳмад, рӯзноманигорон ва намояндагони бахшҳои хусусӣ, ки дар самти ҳифзи муҳити зист фаъолият мекунанд, доир гардид.
Гуфта шуд, ки чорабинӣ бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти ҳифзи муҳити зист ба роҳ монда шудааст.
“Дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба масъалаҳои тарбия ва маърифаткунонии аҳолӣ афзалияти аввалиндараҷа дода шудааст, зеро дар асоси моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст. Бо назардошти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифатбахшии экологии аҳолӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2021 Барномаи нави давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул карда шуд, ки нақша-чорабинии он аз 75 банд иборат аст”, - иброз дошт Гулрухсор Тиллозода, сардори Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки барои пешгирӣ аз мушкилоти экологӣ зарурат ба миён омад, ки якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон корҳои ташаббускорӣ анҷом дода шавад.
Сипас, Ҷамил Аҳмад, роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню-Йорк (UNEP) дар робита ба мавзӯи ҳифзи муҳити зист, гуногунии биологӣ, рушди устувор, тағйирёбии иқлим, хатари офатҳои таббиӣ ва дигар масъалаҳои муҳими имрӯз суханронӣ кард.
Дар фарҷом миёни рӯзноманигорону намояндагони бахшҳои хусусӣ ва меҳмонон вобаста ба тағйрёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самт, дастгирии бахшҳои хусусӣ, ҳамкории зич бо ВАО ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба тағирёбии иқлим дар СММ саволу ҷавоб доир гардида, ба саволҳои сершумори иштирокдорон Ҷамил Аҳмад посух дод.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи даъвати Ҷамил Аҳмад, роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню-Йорк (UNEP) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ, иртибот ва табодули афкор оид ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва экология мебошад.
Сафари кории намояндаи UNEP аз 29 то 31 октябри соли равон сурат гирифт ва зимни он Ҷамил Аҳмад аз Мамнуъгоҳи давлатии табиии “Бешаи Палангон”, ки дар Иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида буд, дидан намуд.