Барои он ки дар зиндагии оилавӣ ҳамдигарфаҳмиву осоиши хонаводагӣ вуҷуд дошта бошад, чӣ бояд кард?
Ба суоли мазкур меҳмони навбатии гўшаи “Маслиҳати хушдоман”, сокини ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муаллимаи собиқадор Шукурова Хосият чунин ибрози ақида намуданд:
- Осоиши хонаводагӣ ё ба тарзи дигар гўем, оромиву осоиштагӣ дар оила аз он иборат мебошад, ки зану мард рисолати бар дӯш доштаи хешро аз таҳти дил бояд иҷро кунанд. Ҷавононро аввал ба оиладорӣ тайёр намуда, баъд ба ҳаёти мустақил равон кардан зарур аст.
Дар шаҳрҳои қадими мо - Самарқанди қандманду Бухорои шариф даврони пеш ҳамин гуна анъана будааст, ки ба духтарони қадрас тамоми нозукиҳои ҳунарҳои занонаро меомўзонидаанд ва озмуне барпо мешудааст барои санҷиши ҳунари онҳо. Ин гуна санҷишҳо бисёртар дар арафаи иди Наврўз баргузор мегаштаанд.
Барои ҳамин, аввал бояд ҷавонмардону духтарон барои зиндагии оилавӣ тайёр бошанд, зеро тамоми моҷароҳо бар асари масоили иқтисодӣ сар мезананд. Баъдан, калонсолони ҳар хонаводаро лозим аст, ки роҳбаладу ҳодии насли ҷавон бошанд.
Роҳбаладро чӣ муҳим аст? Идеал будан. Агар худи калонсолони оила зиндагии хубу шоиста надошта бошанд, суханашон созанда буда наметавонад.