Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хатсайри сайёҳии Душанбе - Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» ташкил гардид. Сайри сайёҳӣ бо ду автобус аз назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз ёфт.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, пас аз тай намудани 50 километр роҳ, меҳмонон ба Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» - яке аз ҷойҳои маъруфу зебои кӯҳистони Тоҷикистон расиданд. Дар ин маҷмаа иштирокдорони Конфронс дар чорабинии варзишии «Эко-пойга барои пиряхҳо» («Eco-Run For Glacier»), ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дав ва марафонҳои Тоҷикистон ташкил гардид, иштирок намудаанд.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз намудааст, ки баргузории чунин рӯйдодҳо барои ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстии халқҳо ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти хос дорад.