Кормандони мақомоти амниятии Русия як муҳоҷирбачаи 16-солаи зодаи Тоҷикистонро бо гумони омодагӣ ба ташкил кардани амали террористӣ дар мактаби миёнаи №1-и Реутови вилояти Маскав боздошт намудаанд.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, ин бачаи наврас қасд доштааст ба хонандагони мактаби миёнаи №1-и Реутови вилояти Маскав ҳамла намояд. Дар рафти амалиёт аз ноболиғи боздоштшуда 3 адад корд, дастпӯшак ва чанд сабти овозӣ пайдо кардаанд, ки гӯё алоқа доштани ӯро бо гурӯҳҳои террористӣ исбот карда метавонанд.
Расонаҳои русӣ аз боздоштшуда Руслан ном бурда, навиштаанд, ки хушбахтона кормандони неруҳои амниятӣ тавонистанд сари вақт ба ҷойи ҳодиса расида, гумонбарро дастгир ва амали террористиро пешгирӣ намоянд.
Ба иттилои Mash ва mk.ru, мактаббачаи 16-солае, ки дар мактаб амали террористӣ содир кардан мехост, аслан зодаи Тоҷикистон буда, бо як ташкилоти террористӣ бо унвони "Колумбайна" алоқамандӣ доштааст. Дар телефони мобилии наврас мукотибаашро бо ин гурӯҳи террористӣ пайдо кардаанд. Ҷавон аз кушторҳои оммавӣ пуштибонӣ намуда, гӯё аз назария ба амал гузаштанӣ будааст, вале ба чанг афтод.
Айни замон нисбати навраси 16-сола барои иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ба ӯ то 10 соли зиндон таҳдид менамояд.