formula feb 2025
Дар Русия як тоҷикро бо 1,18 миллион рубл дастгир карданд
583

Дар фурудгоҳи Челябинск як шаҳрванди Тоҷикистонро бо маблағи калони пулӣ дастгир намудаанд. Бино бар иттилои расонаҳои русӣ, ин зодаи Тоҷикистон мехостааст 1,18 миллион рубли русиро аз марз гузаронида, ба ватани худ барад.

Дар хабар гуфта шудааст, ки тибқи қонунҳои ҷории Федератсияи Россия аз ҳудуди ин кишвар то 700 ҳазор рубли русии (на бештар аз $10 доллари амрикоӣ) декларатсияшударо баровардан мумкин аст, аммо ин зодаи Тоҷикистон аз маблағи муайянгашта 200 ҳазор рубл бештар маблағи пулиро аз ҳудуди кишвар баровардан мехост.

Ин маблағи калони пули аз муҳоҷири тоҷик гирифта шуда, худи мард ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. Тибқи қонун ба ӯ ҷарима ва ё мусодираи маблағ таҳдид менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД