arzon replenishment
Дар Русия танҳо 27 кӯдаки муҳоҷир аз имтиҳони тестӣ гузаштаанд
14.05.2025
Оила
631

Дар Русия танҳо 27 кӯдаки муҳоҷир

аз имтиҳони тестӣ гузаштаанд

Хадамоти федеролӣ оид ба назорат дар соҳаи маориф ва илм (Рособрнадзор) натиҷаҳои аввалини маъракаи қабули имтиҳони тестиро аз шаҳрвандони хориҷии ноболиғ эълон намуд. Аз 1762 кӯдаки муҳоҷир танҳо 27 нафар аз имтиҳон гузашта, ба мактабҳои Россия қабул шудаанд.

Тавре ки Вячеслав Володин, Раиси Думаи давлатии Россия дар саҳифаи Telegram навиштааст, барои ширкат дар имтиҳоноти тестӣ 1762 нафар ариза пешниҳод кардаанд, вале аз ин шумора танҳо 335 кас ба имтиҳон роҳ дода шуданд. «81% аризаҳо бо сабаби нокифоя будани маълумот ё пешниҳод намудани маълумоти нодуруст рад карда шудаанд.

“Дар 10 минтақаи Россия 44 нафар кӯдакони муҳоҷир дар имтиҳонҳои тестӣ иштирок намуданд, вале аз ин шумора танҳо 27 нафар аз имтиҳон гузаштанд,”-омадааст дар хабар.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта Русия қонуни нави федеролиро қабул намуд, ки мувофиқи он барои қабул шудан ба мактабҳои Россия дар назди кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ як қатор талаботҳо гузошта шудаанд. Аз ҷумла санҷиши қонунӣ будани будубош дар қаламрави Федератсияи Россия ва дар сатҳи зарурӣ донистани забони русӣ. Барои қабул шудан ба мактабҳои Россия кӯдакони муҳоҷир бояд аз имтиҳони тестӣ гузаранд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД