Салом! Ман, як ҷавони муҳоҷир мехоҳам тақдири оилаи худамонро нақл кунам, то ба касоне, ки аз душвориҳои зиндагӣ навмед гаштаанд, дарси ибрат гардад.
Падари ман дар вақташ марди пулдор ва соҳиби мансабу обрӯ буд. Дӯстони зиёде дошт, пойи хешу табор низ аз хонаи мо ҳеҷ канда намешуд, вале сарнавишт бо оилаи мо бозиҳои номардона карда, падарамро аз кор гирифтанд. Бало танҳо намеояд гуфтагӣ барин, баъди аз вазифа сабукдуш гаштанаш бизнеси падарам низ рӯ ба касодӣ оварда, муфлис ва қарздор шуда монд. Ба хотири қарз маҷбур шуд, ки хонаву дар ва боғу роғамонро ба фурӯш монда, пули аз ёру ошноҳояш ва бонк гирифтаашро баргардонад.
Ҳамин тавр мо бехонаву дар ва сарсону саргардону дар ба дар шудем. Як рӯз дар хонаи амакҳоям хоб мекардему рӯзи дигар дар хонаи тағоҳоям. Модарам аз таънаи хешу табораш ба танг омада қариб ҳар рӯз бо падарам ҷангу ҷанҷол мекард. Оқибат ҷони падарам ба лабаш раисд ва либосҳояшро гирифта, баромада рафт. Модарам пушаймон шуда бошад ҳам, падарамро аз роҳаш баргардонида натавонист. Хоҳаронам ҳамроҳи модарам монданду ману додарам дасти падарамонро маҳкам дошта, ҳамроҳаш ба шаҳри Москва омадем.
Ба чандин корхонаҳо коркобӣ рафта бошад ҳам, падарамро дар ягон ҷо ба кор қабул накарданд. Бо маслиҳати як зани ошнояш падарам аз ночорӣ нуқтаи «шаурма»-фурӯшӣ кушод. Шаурмаҳои бомаззаи мо ба зудӣ талабгори зиёд пайдо намуд. Дар як сол пули зиёд ҷамъ карда ба модарам фиристодем, то аз маркази шаҳр хонаи ба табъи дилашро харад ва дигар бо падарам ҷангу ҷанҷол накунад.
Хулоса, шаурмафурӯшӣ оилаи моро аз парокандагӣ наҷот дод. Падарам ҳамеша таъкид мекунад, ки бо нангу ба номус шавед, фарзандонам. Сарнавишти падаратон бояд ба шумо дарси ибрат гардад. Ҳамон рӯз, агар ман сари нангу номус омада, азими Русия намегаштам, шояд то ҳол дар ба дару таънашунав мемондем ё аз модарат ҷудо мешудаму шумоён зиндаятим мешудед.
Мақсади саргузаштамонро нақл карданам худнамоӣ нест. Меҳохам дигар мардони тоҷик аз падари ман ибрат бигиранд ва бекориро баҳона карда нашинанду сари нангу номус омада, барои таъмини зану фарзандонашон кӯшиш кунанд. Мард кӯҳро зада талқон мекунад, агар сари нангу номус биёяд!
Мирзомурод аз шаҳри Маскав