Дар Русия ба як оилаи серфарзанди тоҷик барои гирифтани манзили ройгони истиқоматӣ сертификат додаанд. Тавре Юлия Купетская, сарвари округи шаҳрии Митиши ва котиби бахши маҳаллии ҳизби «Единая Россия» дар телеграм хабар додаст, Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов соҳиби 7 фарзанд буда, 4 писар ва 3 гулдухтари нозанин доранд.
Расонаҳои русӣ Рамазон Раҳимовро ҳамчун падари масъулиятшинос ва фидокор ситоиш намуда, навиштаанд, ки таъмини оилаи калон албатта аз кас қуввату неруи зиёде мехоҳад, вале ба серкориаш нигоҳ накарда, ин марди тоҷик ба тарбияи маънавии фарзандонаш диққати ҷиддӣ медиҳад.
Ҳамсари Рамазон - Таҳмина Самадова низ модари фаъол буда, дар баробари кору бори хона ва ташвишҳои рӯзмарраи зиндагию тарбияи 7 фарзанд дар ҷамъомаду корҳои тарбиявӣ дар мактабу боғча ба таври фаъолона ширкат меварзад, бар замми ин, вай дар чандин фондҳои хайриявӣ ба сифати ихтиёрӣ фаъолият дорад. Таҳмина маълумоти олӣ дошта, тарбияи маънавии фарзандонашро ҳамеша дар мадди аввал мегузорад.
Гуфта шудааст, ки волидони Таҳмина муддати 40 сол дар соҳаи маориф кор кардаанд, худи ӯ бошад, бо корҳои хайриявӣ машғул шуда, кӯшиш мекунад, ки ҳамеша нафъаш ба аҳли ҷомеа бирасад.
Рамазон Раҳимов 25 сол боз дар Русия зиндагӣ мекунад, ҳамсараш Таҳмина бошад, 17 сол инҷониб дар кишвари рус умр ба сар мебарад. Ҳамсарон шаҳрвандии Федератсияи Русияро қабул кардаанд, вале аслан тоҷик буда, зодаи Тоҷикистон мебошанд.
Гирифтани сертификат барои соҳиби манзили шахсӣ шудан 2 шарти асосӣ дорад: тарбия намудани зиёда аз 7 фарзанд ва дар Русия на камтар аз 5 сол зиндагӣ намудан. Оилаи Рамазон ва Таҳмина ба ин талаботҳо ҷавобгӯй буда, акнун соҳиби хонаи шахсии худ мешаванд.