Дар Рӯшон як манзили истиқоматӣ дар пайи сангрезӣ хароб шудааст
07.04.2025
Oila.tj
455

Бар асари бориши шадид 6-уми апрел дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сангрезӣ ба амал омадааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асари ин ҳодиса як хонаи истиқоматӣ зарар дида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳаҷми зарарро Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулода муайян менамояд.

КҲФ дар робита ба сатҳи баланди эҳтимоли сангрезӣ ва селфароӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД