Бо ташаббуси МИҲД-и шаҳри Душанбе рӯзҳои 25-27-уми сентябри соли равон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти мамлакат нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (DITE-2024) баргузор мегардад.
Дар доираи намоишгоҳ Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе низ доир карда мешавад. Мақсад аз баргузории он рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.
Дар намоишгоҳ субъектҳои хизматрасони сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, бахусус бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок менамоянд. Вохӯриҳо дар шакли B2B ва баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамзамон зимни баргузории чорабинӣ машғулияти омӯзишӣ вобаста ба масъалаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир мешавад.