Бахшида ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон ва зодрӯзи Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино субҳи барвақти имрӯз, 18-уми августи соли равон аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар пояи муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино гулчамбар гузошта шуд.
Дар маросими гулчамбаргузорӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.
Ба гуфтаи дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, маросими гулчамбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи фарзанди баруманди тоҷик, олим, табиб ва файласуфи машҳур Абуалӣ ибни Сино ба хотири гиромидошти хизматҳои беназираш дар рушди илми тиб ва арҷгузорӣ ба шахсияти нотакрори ӯ аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба Рӯзи касбии табибони Тоҷикистон ва 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино имрӯз, соати 15:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашириф Ҷӯраев баргузор мегардад.