1xbet
Дар пайи садамаи мошини оташнишонӣ сокини Ваҳдат ба ҳалокат расид
03.07.2025
Oila.tj
78

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз фавти як нафар дар пайи ба садама дучор шудани мошини оташнишонӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, якуми июли соли 2025, соати 12:00 дақиқа мошини оташнишонии тамғаи DFAC, рақами қайди давлатиаш 425 03 РТ, ки ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Норак тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Данғара ба шаҳри Норак дар шоҳроҳи Душанбе-Норак-Данғара дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Тутқавул, дар нишебии канори роҳ ба садама дучор гардидааст.

Ин мошин аз ҷониби як сокини 33-солаи шаҳри Норак, кӯчаи Яҳё Мирфозилов 8, хонаи 15 идора мешудааст. Сабаби садама аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст.

Дар натиҷаи ин ҳодиса як сокини 41-солаи шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи мошин бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД