Дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент бинои хуштарҳи баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдою хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бино аз 11 ошёна иборат буда, онро ширкати сохтмонии «Сабрсохтмон»-и соҳибкор, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Нуъмон Шафиев бунёд кардааст. Бино аз 67 ҳуҷраи ду, се ва чорхонагӣ иборат буда, дар ду қабати аввали он нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир карда шудаанд.
Дар бахши Бонки тиҷоратии «Ҳумобонк», маркази тафреҳи кӯдакон, мағозаҳои хӯрокворӣ ва молҳои саноатӣ, ки дар ду ошёнаи аввали бино ва таҳхонаи он ҷойгир шудаанд, қариб сад ҷойи кор таъсис дода мешавад.
Бино бо лифт, хати об ва дигар инфрасохтори меъёрӣ барои биноҳои баландошёна муҷаҳҳаз гардонида, саҳн ва роҳи пиёдагарди назди он сафолакпӯш карда шудааст.
Дар маҷмуъ, ҳоло дар шаҳр бунёди беш аз 40 бинои истиқоматии баландошёна бо марказҳои тиҷорату хизматрасонӣ идома дорад. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 иншоот ба истифода дода мешавад.