35 years of independency
Дар Панҷакент барои муҳоҷирони экологӣ маҳаллаи нав бунёд гардид
02.10.2026
Oila.tj
28

Дар ҷамоати деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент барои 25 оилаи муҳоҷирони экологӣ маҳаллаи нави истиқоматӣ ба истифода дода шуд.

Бо мақсади пешгирии талафоти ҷонӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ тибқи тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехатар кӯчонида мешаванд. Дар доираи ин тадбир ба 25 оилае, ки аз минтақаҳои хавфнок ба маҳали бехатар кӯчонида шуданд, калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида шуд.

Хонаҳои нав дар деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Воруи шаҳри Панҷакент бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, ташкилоти ҷамъиятии "Фонди хайриявии Тоҷикистон" ва шарикони рушд аз АМА бунёд гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД