Бо ташаббуси сокинони фаъол ва саҳми соҳибкорони саховатманди маҳаллӣ аз деҳаҳои Табушн ва Сабағи ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ мумфаршкунии беш аз 3 километр роҳҳои дохили маҳаллаҳо ба таври дастҷамъона оғоз гардид.
Дар кӯчаи Шехови ҷамоати деҳоти Палдорак корҳои мумфаршкунӣ оғоз гардиданд. Дар марҳилаи аввал роҳҳои байни маҳаллаҳо ба талаботи муосири нақлиёт мутобиқ гардонида мешаванд. Қисмати боқимондаи кӯчаҳо низ тибқи нақшаи пешбинишуда марҳила ба марҳила асфалтпӯш хоҳад шуд.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода аз саҳми шоистаи соҳибкорону сокинони маҳаллаи Сабағ дар татбиқи амалии ҳадафҳои созандагӣ арзи сипос намуда, чунин иқдомро намунаи ибрат ва нишони ифтихори баланди ватандӯстии сокинон арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки дар Иттиҳодияи хоҷагиҳои деҳқонии «Дӯстӣ» мумфаршкунии беш аз 3 километр роҳ дар 7 кӯчаи дохилӣ идома дорад.