Имрӯз, 16-уми октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бахшида ба Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе: "Тоҷи Сомон" оғоз гардид. Ин фестивали синамоӣ аз 15 то 20-уми октябр дар пойтахт идома хоҳад ёфт.
Дар нишасти матбуотӣ зиёда аз 20 нафар рӯзноманигорон аз васоити ахбори оммаи кишвар иштирок доранд. Ба саволҳои хабарнигорон Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва аъзои ҳайати доварони Синамоҷашнвора посух медиҳанд.
Мақсад аз баргузории ин нишаст муаррифии барномаи ҷашнвора, шиносоӣ бо ҳайати доварон ва равшан кардани ҷанбаҳои муҳими баргузории он мебошад.