Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 17-уми феврали соли 2024, №71 рӯзи 4-уми май, ки ба рўзи шанбеи ҳафта рост меояд, рўзи корӣ эълон шуда, бар ивази он рўзи ҷумъа - 10-уми май истироҳатӣ ҳисобида мешавад.
Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мутобиқи моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» имсол 9-уми май Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷашн гирифта шуда, рӯзи ғайрикорӣ дониста мешаванд.
Ҳамин тариқ, барои кормандоне, ки реҷаи 5-рўзаи ҳафтаи корӣ доранд, рӯзҳои 9 (панҷшанбе) - Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ; 10 (ҷумъа), 11 (шанбе) ва 12 (якшанбе) рўзҳои истироҳатӣ ҳисобида мешаванд.
Бо ҳамин назардошт кормандони дорои реҷаи 5-рўзаи корӣ дар ин давра 4 рўз истироҳат мекунанд.