Sebiston new 2024 october
Дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо хирс чи кор бояд кард?
561


Бар асари ҳамлаи хирс дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Лахш мардуми деҳот ҳисороти зиёде дидаанд...

Ин ҳодисаи ваҳшатангез шаби 10 ба11-уми май, тахминан соатҳои сеи шаб дар деҳаи Корвонгузари ҷамоати деҳоти Нурафшони ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) рӯй дода, хирси гурусна ба манзили сокинони деҳа ҳамла намуда, 47 сар чорвои хонагиро дар оғилхонаҳо несту нобуд кардааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ин бора хабар дода, менависад, ки ҳамлаи хирс ба деҳа тайи 7 соли охир ҳодисаи бесобиқа мебошад.

Қаблан як мавридидигари ҳамлаи хирс ба як бачаи наврас дар Ванҷ расонаӣ гашта буд. Хушбахтона, сокинони маҳаллӣ тавонистанд ӯро аз чанги хирс наҷот диҳанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода таъкид кардааст, ки зимни рӯ ба рӯ шудан бо хирс оромиро бояд ҳифз кард. Агар ҳайвон шуморо надид, пас талош кунед, ки оромона пайи кори худ равед, вале тарафи шумо ҳаракат кард, тарсро нишон надиҳед. Нигоҳи кунҷковона доштабошад ҳам, хирси ростистода хатарнок нест. Талош кунед, ки аз назди хирс дур шавед, вале боз ҳам аз вай чашм наканед. Агар хирс ҳамроҳ бо шумо ба ҳаракат даромад, пас дар ҷойи худ истед.

Ба умеди ҳимоя аз ӯ ҷонибаш чизе партоб накунед. Ин кор боис мешавад, ки хирс ба шумо ҳамла кунад. Дар ёд дошта бошед, ки фирор кардан аз хирс роҳи наҷот нест, зеро хирс бо суръати 40 км дар як соат ҳаракат мекунад ва метавонад ба зудӣ сайдашро ба чанг оварда, ба замин хобонад ва тӯъмаи худ созад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД