Ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-9-уми сентябри соли равон дар маркази шаҳри Ню-Йорки Амрико - майдони Таймс Сквер (1560 Broadway, New York, NY 10036) навори ҷашнӣ пахш мегардад.
Навор дар биллборди (лавҳаи) 17 х 9.5 метр давоми як шабонарӯз дар дақиқаи 7-уми ҳар як соат намоиш дода мешавад. Дар ин хусус «Ховар» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар додааст.
Қобили таъкид аст, ки ҳамарӯза беш аз 500 ҳазор нафар аз майдони Таймс Сквер мегузаранд.
Хоҳишмандон наворро ба таври мустақим дар вақти муайянгардида (8-уми сентябр, соатҳои 00:07, 01:07, 02:07 ва ғайра то соати 23:07 бо вақти ш. Ню-Йорк (GMT-4) / мутаносибан 8-9-уми сентябр бо вақти ш. Душанбе (GMT+5)) дар суроғаи зерин тамошо карда метавонанд: