Дар назди муассисаи консулии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия бо мусоидати Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи марказии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ гардид.
Гӯша бо ташаббуси Консулгарии генералӣ ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 900 адад китобҳои тозанашр, аз ҷумла китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шоирону нависандагони классику муосир, ба монанди «Шоҳнома», «Маснавии маънавӣ», «Гулистон»-у «Бӯстон» ва дигар китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таъмин гаштааст.
Дар гӯшаи мазкур барои омӯзиши забони тоҷикӣ ва тоҷикшиносӣ шароит фароҳам гардида, он барои тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ дар минтақаи Сибир ва Шарқи Дури Федератсияи Русия, таъмини ҳамватанон бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, адабиёти бадеӣ ва матбуоти даврӣ бо забони давлатӣ мусоидат менамояд.