goodwell
Дар Норак ба сохтмони ду иншооти муҳим оғоз бахшида шуд
61

Дар шаҳри Норак бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ба сохтмони ду иншооти муҳими соҳаи маориф - муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Хоҷабдолон ва муассисаи таълими томактабӣ дар деҳаи Навдеҳи ҷамоати деҳоти Дӯконӣ оғоз бахшида шудааст.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Норак, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 400 хонанда дар ду баст роҳандозӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки муассисаи таълимии томактабӣ барои 100 тарбиятгиранда пешбинӣ гардидасст. Иншоот бо шароити муосири таълиму тарбия бунёд шуда, дорои утоқҳои барҳаво, синфхонаҳои таълимӣ, толори бозӣ ва дигар шароити муҳим мебошад.

Зимни оғози сохтмон бо иштироки раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода ба масъулон барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи муҳлат ва масолеҳи сохтмонии босифат дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД