Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратура дар натиҷаи санҷишҳо як далели худсарона ғасб намудани қитъаи замин ва сохтмони ғайриқонуниро ошкор намудаанд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, муайян гардидааст, ки шаҳрванд Нуров Бахтиёр бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, бе қарори дахлдор ва сертификати истифодаи замин дар маҳаллаи Зебуниссо дар масоҳати 300 метри мураббаъ қитъаи заминро ғасб намуда, бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ таҳкурсии бинои истиқоматӣ ва иҳотадевор бунёд кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.