goodwell
Дар ноҳияи Шаҳринав озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
21.04.2026
Oila.tj
43

Дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки кадбонуҳо ва фаъолзанони ноҳия даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Шаҳринав, озмун бо мақсади ҷалби занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонуӣ ва ҳунари дастархонороӣ гузаронида мешавад.

Ғолибони озмун бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав сарфароз гардонида шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД