Commerce bank may-june 2026
Дар ноҳияи Панҷ бо масъулини дорухонаҳо вохӯрӣ баргузор гардид
18.06.2026
Oila.tj
77

Санаи 17-уми июни соли равон дар ноҳияи Панҷ вохӯрии масъулини Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон бо мудирони дорухонаҳои ноҳияи болозикр баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии қонуншиканиҳо, бахусус пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи сахттаъсир, прекурсорҳо ва риояи дигар талаботи қонунгузории амалкунанда мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Муовини сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Шайхаҳтам Саъдуллозода таъкид намудааст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла ҷорӣ гардидани мораторий ба баъзе санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ҳар як соҳибкор бояд масъулияти баланди шаҳрвандӣ эҳсос намуда, ба аҳолӣ хизматрасонии босифат ва софдилона пешниҳод намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД