Сарвари давлат дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани нахустин муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол дар деҳоти Исфисор 8 мураббӣ ба кор ҷалб шудаанд, ки дар тарбияи варзишгарони бомаҳорату номбардори миллат дар арсаи ҷаҳонӣ саҳм хоҳанд гузошт.
Корҳои бунёдӣ дар ин иншооти варзишӣ моҳи марти ҳанӯз соли 2023 оғоз ёта дар муддати як сол бо ҷалби ҳудуди 30 нафар бинокори маҳаллӣ дар майдони 7 гектар бинои муассисаи мазкур бунёд гардид. Он дорои варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ, либосивазкунӣ ва маҷлисгоҳ барои 40 нафар мебошад. Насби чароғҳои нурафкан дар варзишгоҳ имкон медиҳад, ки шомгоҳон низ мусобиқа ва тамринҳо бемамониат доир карда шаванд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки варзишгарони ноҳия дар ҷавоб ба ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар имкониятҳои муҳайёшударо самаранок истифода бурда, дар самти варзиш ба дастовардҳои назаррас даст ёфтаанд.
Таъкид гардид, ки махсусан варзиши футбол дар ноҳия дӯстдорони зиёд дошта, тиме, ки дар лигаи дуюми кишвар ҳунарнамоӣ мекунад, дастаи футболи бонувони ноҳия мебошад.
Ҳамасола наврасону ҷавонони ноҳия дар мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.