Оё барои партофтани партов дар партовгоҳ дар вақти нисфирӯзӣ сокинонро метавонанд ҷаримабандӣ кунанд? Аз рӯи қонунгузорӣ дар кадом вақт метавонем партовамонро барорем?
ИСКАНДАР, ш. Душанбе
Ҷавоб:
- Дар ягон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вақти муайян барои баровардани партовҳо дарҷ нашудааст. Танҳо дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безараргардонии партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе” (№186, аз 1-уми апрели соли 2010) шаҳрвандон вазифадор ҳастанд, то партовҳои маишии хоҷагиашонро аз соати 17:00 то 23:00 дар нуқтаҳои партовҷамъкунии муайян, ки бо Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ шудааст, ҷойгир намоянд.