Кормандони милитсия як марди 41-соларо бо гумони кордзанӣ аз ҳиссиёти авбошӣ боздошт намудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, боздоштшуда сокини ноҳияи Ёвон буда, рӯзи 3-юми апрели соли равон бе сабаб бо марди 33-солаи сокини ҳамин ноҳия дар назди мағозаи “Билол” ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро латукӯб намудааст ва 1 корд задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, нисбати марди 41-сола бо қисми 3-и моддаи 237-и КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Тафтишот идома дорад.