arzon replenishment
ДАР НАЗДИ ҲАМСОЯ ШАРМАНДААМ...
6305

 

Салом, номи ман Амина, аз н. Исфара ҳастам. Ман як духтари ҷавон ҳастам, ки бо андак соддагӣ қариб ҳамсояамонро хонавайрон карда будам.

Дар ҳамсоягии мо як қассоб зиндагӣ мекунад. Завҷааш хеле одами хуб мебошад. Ҳар рӯз ба хонаи мо меояд ва бо ману модарам хеле сӯҳбати дурудароз мекунад. Азбаски ба хонаи мо бисёр меояд, табъи падарам хира мегардад. Падарам доим ба модарам мегӯяд, ки ҳамин ҳамсоя дигар кор надорад? Ҳар рӯз дар хонаи мост! Ман медонам, ки омадани ҳамсоязан модарамро баръакс хурсанд мекунад. Рӯзе ба хонаи ҳамсоя рафтам, хеле сӯҳбат кардем ва минбаъд низ рафтан гирифтам. Аллакай омӯхта шуда будам ва агар рӯзе намерафтам, диламро сагҳо канда мехӯрд. Як рӯз ман ба хонаи ҳамсоя рафтам. Дар хона шавҳари занро бо як зани бегона дидам.

Намедонам зани худаш ба куҷо рафта буд, аммо аз тиреза дидам, ки мард бо як зани мӯйҳояш зард ишқварзӣ дорад. Аз тарс надонистам ба куҷо равам. Зуд аз дарвоза берун шудам. Ба назди модарам рафта, бесаброна ҳамаашро нақл кардам. Модарам шаб ба падарам гуфтааст. Падарам бошад, ин гапро ба амакам гуфтааст ва амакам ба занаш. Хулоса, кор то ҷое расид, ки марди ҳамсоя қариб шарманда шавад. Рӯзе зани ҳамсоя бо шавҳараш бо ғазаб аз дарвозаи мо даромаданд.

Ҷанҷол сар шуд. Ман худам ҳайрон шудам, ки чаро зани ҳамсоя шавҳарашро пуштибонӣ мекунад. Баъди хеле ҷанҷол кардан, зани ҳамсоя аз халтаи дасташ мӯйи зарди ориятиеро берун баровард ва гуфт, ки он рӯз ман бо шавҳарам бозӣ доштем ва ман дар сарам ҳамин мӯйи сохтаро пӯшида будам. Хонандагони азизи “Оила”, ман дар ҳоли хеле ногувор қарор дорам, чӣ кор карданамро намедонам. Ҳамсояамон хеле одами хуб аст, намехоҳам, ки аз рӯи беақлии мо дӯстиямон канда шавад.

Амина, аз н. Исфара

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД