Дар нақлиёт ворид мешавему баъзан салом дода менишинем. Фаҳмидан мехостам, ки ҳангоми нишастан ва фаромадан аз нақлиёт чӣ ниёишро хондан ҷоиз аст?
Шаҳноза, ш. Ваҳдат.
Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Ҳангоми савор шудан ба нақлиёт ин дуо хонда мешавад: Бисмиллоҳ. Субҳоналлазӣ саххара лано ҳозо ва мо кунно лаҳу муқринин ва инно ило Раббино ламунқалибун. Вақти фуруд омадан аз нақлиёт ин дуо хонда мешавад: Рабби анзилнӣ мунзалан муборакан ва анта хайру-л-мунзилин.